Мақомоти Ироқ рӯзи 17 апрел ду зани сокини Русияро бо ҷурми узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" ба ҳабси абад маҳкум карданд. Додгоҳ мегӯяд, ки миллати ин ду зан дар асл доғистонӣ буда, онҳо дар Чеченистон зиндагӣ мекарданд.
Матбуоти давлатии Русия бо такя ба телевизиони Ироқ гуфт, ки дар мурофиаи рӯзи гузашта ҳамчунин се зан аз Озарбойҷон ва як зан аз Қирғизистон ҳукми қатл гирифтанд. Маълумот дар бораи ҳуввияти ин занҳо дастрас нашудааст.
Аммо хабаргузории France Press мегӯяд, ки дар мурофиаи додгоҳӣ панҷ зани озарбойҷонӣ ҳукми эъдом гирифт.
Ду зане, ки аз Чеченистони Русия буданд ва ҳукми абад гирифтанд, дар мурофиа бо кӯдакҳои хурд ҳузур доштанд.
Моҳи декабри соли гузашта Ироқ аз пирӯзӣ бар ҷангиёни ДИИШ, ки сеяки қаламрави кишварро таҳти назорат доштанд, хабар дод.
Бар пояи қонуни зидди-террористии Ироқ онҳое, ки робитаашон бо ДИИШ собит шудааст, ҳатто агар дар хушунатҳо даст надоштанд, муҷозот мешаванд.
Гуфта мешавад, ки Ироқ беш аз 1,000 зани хориҷиро барои ҳамдастиашон бо гурӯҳи тундрави "Давлати Исломӣ" боздошт кардааст. Бахши умдаи онҳо аз Туркия ва давлатҳои собиқ Шӯравӣ ҳастанд. Баъзеи ин занҳо ҳукми қатл гирифтаанд.
Хабаргузории Associated Press моҳи гузашта навишт, ки Ироқ беш аз 19 000 нафарро бо иттиҳоми ҳамкориашон бо ДИИШ боздошт кардааст.