Роскомнадзор - муассисаи танзими кори матбуот дар Русия, Facebook-ро то охири соли 2018 тафтиш мекунад ва агар шабака то он замон талаби мақомоти Русияро қонеъ накунад, масъалаи бастанаш матраҳ хоҳад шуд. Дар ин бора Александр Жаров, раҳбари Роскомнадзор, рӯзи гузашта ба нашрияи "Известия" хабар дод.
Мансабдори рус бандҳои талаботро номбар кард, ки Facebook бояд онҳоро то охири соли 2018 иҷро кунад. "Ҳифзи махзани маълумоти корбарон дар қаламрави Русия, лағви иттилои мамнуъ ва ҳамчунин риояи қонунҳои дигар" аз талаботест, ки Роскомнадзор аз Facebook талаб кардааст. Жаров гуфт, ки агар ягон бахши ин талабот иҷро нашавад ва агар мақомоти Русия огоҳ шаванд, ки Facebook нияти иҷрои инҳоро надорад, шабака баста мешавад. Ӯ гуфт, ки пайваста бо мақомоти шабака мулоқот мекунад ва моҳи феврал Facebook-ро аз мавқеи муассисаи таҳти назораташ огоҳ карда буд.
Александр Жаров дар бораи масдуд шудани фаъолияти Facebook дар қаламрави Русия ҳанӯз моҳи сентябри соли гузашта ҳушдор дода буд.
Жаров дар шарҳи баста шудани паёмрасони Telegram дар қаламрави Русия гуфт, Роскомнадзор барнома надорад, ки тамоми интернетро маҳкам кунад.
Рӯзи 13 апрел додгоҳе дар Маскав амри оҷилан бастани шудани паёмрасони Тelegram-ро содир кард. Ҳукм баъди он содир шуд, ки раҳбарияти Telegram бо такя ба банди Қонуни асосӣ дар бораи мукотибаи маҳрамона, аз додани калиди паёмҳои корбарон ба Хадамоти амнияти Русия сарпечӣ кард. Ҳамон рӯз Роскомнадзор Telegram-ро ба феҳрасти замимаҳои мамнӯъ дар Русия ворид намуд.