Ҷоиза барои пӯшиши робитаи эҳтимолии тими Трамп бо Русия

Ҷоизаи обрӯманди журналистӣ - Pulitzer Prize ба нашрияҳои The New York Times ва Washington Рost барои пӯшиши дахолати эҳтимолии Русия ба умури интихоботи президентии соли 2016-и Амрико ва созиши эҳтимолии тими Доналд Трамп бо Маскав тақдим шуд.

Эълони барандагони ҷоиза рӯзи 16-уми апрел дар донишгоҳи Коламбияи Ню-Йорк сурат гирифт.

Ҳайати мудирони ҷоиза дар як изҳорот гуфт, ин ду нашрия барои "гузоришҳо бар пояи манбаъҳои амиқ ва ба манфиати умумӣ" бо ҷоизаи Пулитзер мушарраф шуданд.

Дар ин изҳорот омадааст, ки "The New York Times ва Washington Рost ба бештар шудани дарки ҷомеа оид ба дахолати Русия ва робитаи он бо маъракаи Трамп, тими даври гузариши президенти мунтахаб ва маъмурияти ниҳоии он" мусоидат карданд.

Президент Доналд Трамп таҳқиқи парвандаи дахолати эҳтимолии Русия дар умури интихоботи соли 2016-ро, ки онро додситони махсус Роберт Мюллер пеш мебарад, "шикори аҷузаҳо" меномад ва ҳамагуна созиши Маскав бо тими интихоботии худро рад мекунад.

Трамп гузоришҳои матбуотӣ дар заминаи таҳқиқоти Мюллерро борҳо "fake news" ё хабари тақаллубӣ унвон кард.