Роскомнадзор миллионҳо IP-адреси Amazon-ро масдуд кард

Роскомнадзор - ниҳоди давлатии танзимкунандаи фаъолияти матбуоти Русия - ҳудуди ду миллион IP-адресҳои ширкати амрикоии Amazon-ро масдуд кард. Фаъоли Бунёди мубориза бо коррупсия Владислав Здолников рӯзи 17-уми апрел гуфт, IP-адресҳо дар ҳоле баста шуданд, ки паёмакрасони Telegram барои давр задани маҳдудиятҳо аз хадамоти Amazon истифода кард.

Ба гуфтаи ӯ, масдуд шудани IP-адресҳои Amazon расман ба қарори додгоҳи Русия дар бораи бастани Telegram рабте надорад. Онҳо бо қарори додситонии кулли Русия баста шудаанд. Пештар Роскомнадзор ба ҳамин шева ҳазорҳо нишонии Amazon, Google чанд домени худи Telegram-ро баста буд.

Дар Русия рӯзи душанбе бо қарори додгоҳ дастрасӣ ба паёмакрасони Telegram маҳдуд шуд. Дар Роскомнадзор гуфтанд, ки дар сурати дархости "ниҳодҳои дахлдор" манобеи давр задани маҳдудияти дастрасӣ ба паёмакрасонро ҳам хоҳанд баст.

Бунёдгузори Telegram Павел Дуров гуфт, муборизаро барои "ҳифзи ҳаққи мукотибаи пинҳонии русиягиҳо" идома медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдоми мақомоти рус оқибатҳои манфӣ дорад. Аз ҷумла, бастани Telegram сатҳи амнияти миллии Русияро поин хоҳад бурд.

Ширкати амрикоии Amazon бузургтарин манбаи хариду фурӯши молу маҳсулот ва хидматрасониҳо ба воситаи Интернет дар ҷаҳон аст. Он дар як қатор кишварҳои дунё, аз ҷумла дар Бразилия, Канада, Бритониё, Олмон, Ҷопон, Фаронса, Итолиё, Испания, Ҳиндустон ва Чин намояндагӣ дорад.