Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо даъвати ҳамтои узбекистониаш Ихтиёр Абдуллоев, рӯзи 16-уми апрел ба Тошканд рафтааст.
Ба иттилои расонаҳои давлатии Тоҷикистон, Ятимов ва ҳайати ҳамроҳашро дар гузаргоҳи марзии "Фотеҳобод" раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Ихтиёр Абдуллоев пешвоз гирифтааст.
Ба гуфтаи манбаъ, дар музокирот раҳбарони хадамоти вижаи ду кишвар роҷеъ ба ҳамкориҳои дуҷониба ва, инчунин, мушкилоти амнияти минтақавӣ гуфтугӯ кардаанд. Ҷонибҳо дар бораи таҳдидҳои муосир, аз ҷумла терроризму ифротгароӣ ва пешгирӣ аз ҷиноятҳои созмонёфта низ табодули афкор намудаанд.