Мақомоти Мянмар аз бозгашти мусалмонҳои Роҳинҷа хабар доданд

Паноҳандагони Роҳинҷа

Мақомоти Мянмар аз бозгашти нахустин паноҳандагони мусалмонҳои Роҳинҷа ба ватан хабар доданд. Намонядагони ин қавм ба хотири наҷот аз таъқиби низомиёни Мянмар ба Бангладеш фирор карда буданд.

Ба иттилои расонаҳо, дар маҷмуъ 700 ҳазор Роҳинҷаи Мянмар ба Бангладеш паноҳ бурданд. Ҳомиёни ҳуқуқ иқдоми ахири ҳукумати Мянмарро танқид мекунанд. Ба бовари ҳомиён, бозгардонии Роҳинҷа як амалиёти тарғиботист, ки бе назардошти амнияти зиндагии мусалмонон рӯи даст гирифта шудааст.

Мусалмонони Роҳинҷа, ки кишвари мустақили худро надоранд, моҳи августи соли гузашта аз сӯи низомиёни Мянмар таъқиб шуданд ва мавриди хушунат қарор гирифтанд. СММ бо маҳкум кардани Мянмар гуфт, таъқиби Роҳинҷаро метавон ҳамчун поксозии қавмӣ баҳо дод. Аммо мақомоти Мянмар мегӯянд, зидди шӯришгарони мусаллаҳ амалиёти низомӣ роҳандозӣ карда буданд.