Суқути чархболи низомии Русия дар баҳри Балтик

Озмоиши "Иван Грен" дар баҳри Балтик

Маркази матбуотии Флоти Балтика хабар дод, ки рӯзи панҷшанбе чархболи борбари низомии Ка-29 дар фарози аҳри Балтика суқут кард. Чархбол парвози озмоишӣ анҷом медод. Ду сарнишини чархбол - намояндагони корхонаи истеҳсолӣ ҳалок шуданд

"12 апрели соли 2018 ҳангоми парвози озмоишии шабона чархболи Ка-29 суқут кард. Ду сарнишини он фавтиданд", - хабар дод маркази матбуотӣ.

"Парвози чархбол дар шароити оддии боду ҳаво сурат гирифта буд", - хабар доданд намояндагони Флоти Балтика.

Дар ҷои ҳодиса дар ҳоли ҳозир корҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. Рӯзи ҷумъа ҷасади яке аз сарнишинон пайдо шуд.

Ка-29 ибтидои солҳои 1980 ихтироъ шуда буд. Ин навъи чархбол барои интиқоли сарбозон ва борҳои мухталиф пешбинӣ шудааст.