Хешовандони Абдурасул Назаров таҳқиқи қазияи марги ӯро талаб доранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст. Хешовандони Назаров бовар доранд, ки ӯ дар паи шиканҷаи полис даргузашт. Онҳо мехоҳанд, қазияи падари се фарзанд одилона баррасӣ шавад.