Таърихи интихоботи Афғонистон эълон шуд

Мақомоти интихоботии Афғонистон 20 октябрро ҳамчун рӯзи баргузории интихоботи парлумонӣ ва ҳам шӯроҳои маҳаллӣ таъин карданд. Абдулбадӣ Сайёд, раиси комиссиюни мустақили интихоботӣ рӯзи 1 апрел гуфт, ки бовар дорад, бо вуҷуди мушкилоти баргузории раъйгирӣ дар манотиқи таҳти контроли Толибон, ин маъракаи сартосарӣ баргузор хоҳад шуд. Вай гуфт:

“Мақомоти амниятӣ ба мо итминон доданд, ки иншооллоҳ, манотиқе, ки ноамн ҳастанд - амалиёте, ки бояд дар Нусрат ба роҳ андохта шавад, ва ҳам манотиқе, ки хориҷ аз контроли давлат асту он ҷо ноамн аст, дар он ҷо ҳам амният ба вуҷуд ояд ва мардум битавонанд дар сабтином ва ҳамчунон дар раъйдиҳӣ ииштирок кунанд”.

Вай инчунин гуфт, ки шаҳрвандони қобили раъй метавонанд барои гирифтани кортҳои сабтином дар миёнаҳои моҳи апрел муроҷиат кунанд ва ин пеш аз мӯҳлати пешбарии номзадҳо аст. Президент Ашраф Ғанӣ гуфт, ки пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли оянда интихоботи маҷлиси иборат аз 249 курсиро баргузор мекунад. Вале бо сабабҳои набуди амният ва ҳам таъминоти фаннии интихобот ин маърака паспарто шудааст.