Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе хабар дод, ки Маъруф Шарифов, як ҷавони 25-соларо, ки сабаби марги ду кудаки ноболиғ шуд, дастгир кардаанд.
Дар баёнияи расмӣ, аз рӯзи 23-уми феврал омадааст, ки Маъруф Шарифов, рӯзи 22-уми феврал ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Абайи шаҳри Душанбе, қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дағалона вайрон намуда, пиёдагардони хурдсол Ҳамза Норови 10-сола ва Дилноза Нороваи 11-соларо зер кардааст. Ҳарду ҳангоми интиқол ба шифохона дар роҳ ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи раёсат, Маъруф Шарифов, шаҳодатномаи ронандагӣ надоштааст ва мошин ҳам аз худаш набудааст. Таҳқиқи парвандаи ҷиноии ӯ идома дорад.