Раҳмат Оқилов гуфт, дар Стокҳолм одамонро огоҳона пахш кард

Раҳмат Оқилов, зодаи Узбакистон.

Зодаи Узбакистон Раҳмат Оқилови 40-сола, ки бо айби анҷоми ҳамлаҳои моҳи апрели соли 2017 дар Стокҳолм боздошт шуд, 20 феврал дар додгоҳ ҳозир шуда, иттиҳоми эъломшударо ба гардан гирифт. Ба иттилои нашрияи маҳаллии "The Local", Оқилов дар додгоҳ гуфтааст, ки ҳадафи ӯ аз дуздидани мошини боркаш ва пахши анбуҳи одам куштани шаҳрвандони Шветсия буд.

Раҳмат Оқилов ба анҷоми ҳамлаи террористие айбдор мешавад, ки 7 апрели соли 2017 дар шаҳри Стокҳолм, пойтахти Шветсия сурат гирифт. Ӯ он рӯз мошини боркашеро дуздида, дар маркази Стокҳолм анбуҳи одамонро пахш кард. Дар миёни кушташудаҳо як духтари 11-сола ва шаҳрвандони Белгияву Бритониё ҳам буданд.

"Мехостам, ки Шветсия муборизаҳои худ зидди "Давлати исломӣ", аз ҷумла сафарбар кардани сарбозон ба минтақаҳои даргиру ҷудо кардани маблағ барои ҷангро қатъ кунад", - иқтибос овардааст "The Local" аз суханони Оқилов.

Ӯ ҳангоми додани баёнот изҳор доштааст, ки аз кардааш аслан пушаймон нест. "Ҳадафи ман ин буд, ки нишон бидиҳам, бо қалбу ҷони худ ҳамроҳи онҳое ҳастам, ки дар натиҷаи бомбаафканиҳои эътилофи НАТО ҷон бохтаанд", - афзудааст Оқилов.

Пештар Раҳмат Оқилов иқрор карда буд, ки ба сафи гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" пайвастааст. Вале ин гуруҳ масъулияти ҳамлаи ӯро ба зимма нагирифт. Тафтишот муайян сохт, ки Оқиловро ҳангоми анҷоми ҳамла аз Сурия ҷангиёни тоҷик ва як доғистонӣ роҳнамоӣ мекардаанд.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар нахустин мурофиаи додгоҳӣ барои Оқилов ҳабси якумрӣ хост. Дар Шветсия ҳабси якумрӣ гуногун буда, миёнаи он 16 соли зиндон аст. Интизор меравад, мурофиаҳои Оқилов то моҳи май идома ёфта, ҳукми ӯ моҳи июн эълом шавад.