Дар шаст соли ахир бори аввал аст, ки як раҳбари Туркия ба Ватикан рафтааст.
Рӯзи 5 феврал Попи Рум Франсиск президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғонро дар Ватикан ба ҳузур пазируфт. Ҳазорҳо корманди пулис дар маҳаллаҳои наздик ба Ватикан мустақар шуданд. Ҳамаи амалҳои эътирозӣ, ба ҷуз эътирози на чандон бузурги Курдҳо, ки Эрдуғонро маҳкум мекарданд, лағв шуданд.
Дафтари раиси ҷумҳури Туркия гуфт, ки Эрдуғон бо Попи Рум аз ҷумла масъалаи Байтулмуқаддас, равобити дуҷонибаи Анкара бо Ватикан, вазъи Сурия, бӯҳрони муҳоҷират, масоили терроризм ва исломбадбиниро матраҳ мекунад. Ба гуфтаи хабаргузории Reuters, Ватикан ҳалли низои Фаластиниҳоро аз рӯи формулаи "ду давлат" пуштибонӣ мекунад.
Бахши умуми ҷаласа дар фазои самимият баргузор шуд, ҳарчанд дар лаҳзаҳои аввали зоҳир шудан дар назди хабарнигорон ҳарду худро озод ҳис намекарданд. Дар қисмати мулоқоти як ба як Попи Рум ба Эрдуғон мадельони биринҷиеро тӯҳфа кард, ки дар он фариштае қисмати шимолӣ ва ҷанубии курраи заминро ба оғӯш гирифта буд ва ҳамзамон ба аждаҳое муқовимат мекард.
Мулоқоти қаблии Франсиск бо Эрдуғон соли 2014, ҳангоми боздиди Попи Рум аз калисои масеҳии Истамбул сурат гирифта буд. Равобити ду тараф моҳи июни соли 2016 як ташаннуҷро аз сар гузаронд ва ин замоне буд, ки Попи Рум "наслкушӣ"-и арманиҳоро аз тарафи Туркияи Усмонӣ эътироф кард.