Назарзода: 34 тоҷики "пушаймон" аз ДИИШ дубора ба Сурия рафтанд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беш аз 30 сокини вилояти Суғд, ки дар солҳои гузашта бо ибрози пушаймонӣ ва кумаки мақомот аз Ироқу Сурия ба ватан омаданд, дубора ба майдонҳои ҷанг дар Сурия ва кишварҳои дигари ҷангзада баргаштаанд. Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати корҳои дохилии Суғд, дар нахустин нишасти хабариаш рӯзи 2-юми феврал гуфт, дар маҷмуъ 72 нафарро ба ватан оварда буданд.