Элис Уэллс дар Тошканд бо фаъолони Узбекистон мулоқот кард

Элис Уэллс, муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ

Муовини аввали ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Элис Уэллс рӯзи 1 феврал дар Узбекистон бо фаъолони маданӣ мулоқот кард. Дар ин бора рӯзноманигори мустақили узбак Абдураҳмон Ташанов, ки дар ин мулоқот ҳузур дошт, хабар дод.

"Ин мақоми баландпояи Департаменти давлатӣ асосан ба сиёсатҳои пешгирифтаи президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар бахши ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамият медод. Ҳамчунин дар бораи мушкилиҳои мавҷуда ва вазъи минбаъда суол кард. Мо ба ӯ дар бораи тағйирҳои мусбат дар кишвар ва мушкилиҳои асосӣ гуфтем", - афзуд Ташанов.

Ба гуфтаи ӯ, маълум буд, ҳайати амрикоӣ ба раҳбарии Элис Уэллс аз корҳои анҷомдодаи президенти Узбекистон розӣ ҳастанд ва омодаанд, сиёсатҳои вайро ҷонибдорӣ кунанд.

Элис Уэллс ҳамчунин дар Тошканд бо вазири умури хориҷии Узбекистон Абдулазиз Комилов, муовини аввали раиси Сенати порлумон Содиқ Сафоев ва намояндаи махсуси президенти ин кишвар дар умури Афғонистон Исматулло Эргашев мулоқот кард.

Департаменти давлатии Амрико рӯзи 29-уми январ гуфт, ҳадафи боздиди Элис Уэллс "баррасии пешрафтҳое ҳаст, ки дар доираи барномаҳои ислоҳотии президент Мирзиёев ба миён омадаанд". Ҳамчунин хабар дод, ки муовини аввали ёвари департамент масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, ҳамкориҳои иқтисодиву амниятиро баррасӣ хоҳад кард.