Чак Шумер, роҳбари ақалиятҳои демократ дар Сенати ИМА аз Кохи сафед талаб кард, ки ҷузъиёти сафари роҳбари Хадамоти иктишофии хориҷии Русия Сергей Наришкин ба Вашингтонро шарҳ диҳад. Наришкин шомили таҳримҳои Амрикост. Дар ин бора сомонаи Politico рӯзи 30 январ хабар дод.
Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико хабар дод, ки ҳафтаи гузашта Сергей Наришкин ба ИМА омада, бо ҳамтоёни амрикоияш "муборизаи муштарак зидди терроризм"-ро баррасӣ кард.
Сенатор Чак Шумер нигарон аст, ки ҷузъиёти сафари Наришкин хабар дода намешавад ва эҳтимол дорад, ӯ ба Амрико танҳо наомадааст. Шумер бар ин назар аст, ки ҳукумати Трамп бояд ҳамаи иттилоъро дар мавриди сафари Наришкин ошкор кунад ва аз мулоқотҳои ӯ бо мансабдорони амрикоӣ хабар диҳад.
Шумер мегӯяд, сафари Сергей Наришкин дар марҳилае анҷом шудааст, ки ҳукумати Трамп тасмим гирифт, таҳримҳои навро зидди Русия ба таъхир гузорад.
Вазорати молияи ИМА рӯзи сешанбе "гузориши Кремл" - феҳрасти атрофиёни президенти Русия Владимир Путинро нашр кард, ки мумкин аст, нисбати онҳо таҳрим эълом шавад. Дар феҳрасти мазкур номи 210 одам зикр шудааст. Дар ин феҳраст номи ҳамаи аъзои ҳукумати Русия, кормандони дастгоҳи Путин, роҳбарони ширкатҳои бузурги давлатӣ, роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ ва олигархҳо зикр шудааст. Аммо ҳукумати Трамп гуфт, феълан аз ҷорӣ кардани ин таҳримҳо худдорӣ мекунад.