Рӯзи 25 январ як мошини дорои рақамҳои дипломатӣ ду роҳгузарро дар яке аз кӯчаҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон пахш кардааст. Дар ин бора шоҳидони ҳодиса хабар доданд.
Дар интернет акси як мошини сиёҳ нашр шуд, ки зоҳиран рақамҳои дипломатӣ дорад. Шоҳидон мегӯянд, ронанда ба ҷойи он ки ба осебдидагон ёрӣ расонад, роҳгузаронро дашном дод ва аз ҷои ҳодиса ғайб зад.
Мошини ёрии таъҷилӣ зарардидаҳоро ба бемористон бурд. То кунун дақиқ нест, ки ин мошин ба кадом намояндагии дипломатӣ тааллуқ дорад. Пулиси роҳ ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.