Додгоҳи Маскав фонди Навалнийро аз байн бурд

Алексей Навалний

Додгоҳи ноҳияи Мешанскии Маскав талаби Вазорати адлияи Русия оиди аз байн бурдани фонди "Мавсими панҷуми сол", ки кори ситодҳои сиёсатмадори мухолифин Алексей Навалниро танзим мекард, қонеъ намуд. Дар ин бора хабарнигори "Радио Свобода" рӯзи 22 январ аз толори додгоҳ гузориш дод.

Намояндаи Вазорати адлия иддао кард, ки ҳангоми санҷиш дар оинномаи "Мавсими панҷуми сол" иштибоҳ ошкор шуд. Аз ҷумла иҷораи ҷой барои пешбурди маъракаи интихоботӣ дар шаҳрҳои мухталиф, дар ҳоле, ки дар оиннома ҳадаф пуштибонӣ аз матбуот нишон дода шудааст.

Гузашта аз ин ба гуфтаи вазорат, бунёд кӯмакҳои хайрияро бо биткойин ҷамъ меовард, ки пинҳон мондани пулдиҳандаро пешбинӣ мекунад, дар ҳоле, ки хайрхоҳони беном наметавонанд ба хазинаи номзади сабтиномшуда ба мақоми президени пул гузаронанд.

Аммо ба гуфтаи намонядаи бунёди Навалний дар додгоҳ, Вазорати адлия ягон иштибоҳи дағалро пайдо ва пешниҳод накард, ки барои масдуд кардани фаъолияти "Мавсими панҷуми сол" асос шавад.

Рабҳари ситоди пешазинтихоботии Навалний Леонид Волков гуфт, "ҳамон тавр, ки интизор мерафт, додгоҳ талаби беасоси вазорати адлияро қонеъ кард".

Қисме аз пардохтҳо барои маъракаи роҳ ёфтани Навалний ба интихоботи раёсати ҷумури Русия ба воситаи ҳамин бунёд мегузашт. Интихоботи президентии Русия ба моҳи март барномарезӣ шудааст.

Мақомот бо пеш овардани парвандаи "Кировлес" аз иштироки Навалний дар интихоботи президентӣ ҷилавгирӣ карданд. Ситоди Навалний ҳоло ҳамчун "Ситоди коршикании райъдиҳандагон" фаъолият мекунад. Навалний аз тарафдоронаш даъват кардааст, ки интихоботро "бойкот" кунанд.