Лавров гуфт, сатҳи "руссофобия"-и Ғарб бадтар аз замони Ҷанги Сард аст

Сергей Лавров

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, ки сатҳи "руссофобия" ё бадбинии русҳо дар кишварҳои ғарбӣ бештар аз баландтарин нуқтаи замони Ҷанги Сард аст.

"Ин русбадбинӣ намуна надорад. Мо инро ҳатто дар замони Ҷанги Сард шоҳид нашуда будем",- гуфт Лавров дар сӯҳбат бо нашрияи "Коммерсант" рӯзи 21 январ. "Он замон баъзе қоидаҳо вуҷуд дошт, наҷобат вуҷуд дошт,- афзӯд ӯ.

Лавров ҳушдор дод, ки Русия "хатти қирмиз"-и худро дорад ва кишварҳои дигар набояд онро убур кунанд.

Вазири корҳои хорҷиии Русия аз талошҳои ба гуфтаи ӯ "муҷозоти Русия бо ҳар васила", махсусан таҳримҳои ИМА ва Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия танқид кард ва ин ҳарактҳоро пучу беасос номид.

Кишварҳои ғарбӣ дар посух ишғоли Қрим ва пуштибонии Русия аз ҷудоиталабони Шарқи Украина, Маскавро таҳрим карданд.

Сафри назар аз мавҷудияти шаҳодати зиёди кӯмакҳои низомӣ, молӣ ва сиёсии Русия ба ҷудоиталабон, Кремлин иттиҳоми пуштибонӣ аз ин гурӯҳҳоро рад мекунад.