Додситонии Федеролии Олмон гуфт, ки кормандони пулис дар робита ба бозҷӯии 10 ҷосуси эҳтимолӣ аз Эрон силсилаи ҷустуҷӯҳоро анҷом доданд.
Аммо мақомот гуфтанд, ки дар пайи ин рейдҳои рӯзи 16-уми январ дар саросари кишвар касе боздошт нашуд.
Сухангӯи додситони федеролӣ Стефан Бил гуфт, рейдҳо баъди дарёфти маълумот аз хадамоти истихбороти дохилӣ - Дафтари ҳимоят аз Қонуни асосӣ, ки масъулияти амалиёти муқовимат бо ҷосусиро бар дӯш дорад, ба роҳ монда шуд.
Маҷаллаи Олмонии Focus гузориш дод, ки гӯё гумонбарҳо "фаъолияти хадамоти махсус"-ро пеш мебурданд ва аз паси шаҳрвандони Исроил ва Олмон ҷосусӣ мекарданд.
Ба гуфтаи Focus, рейдҳо дар сохтмонҳои Берлин ва ҳамчунин аёлатҳои Баден- Вюртемберг, Рейн Вестфалияи Шимолӣ ва Бавария сурат гирифтанд.
Додситонӣ гузоришҳоеро шарҳ надод, ки мегӯянд гумонбарҳои ҷосусӣ узви Нерӯи Қудс - воҳиди вежаи Нерӯҳои Посдори Инқилоб ва масъули анҷоми амалиёти махсус дар хориҷи Эрон буданд.