Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии фасод хост, ки шаҳрдориро тафтиш кунад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хостааст, ки дар шаҳрдорӣ санҷиш гузаронад. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе рӯзи 15-уми январ бо нашри як хабарнома, ҳадаф аз ин санҷишро, "таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои будҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе" гуфтааст.

Оҷонсии мубориза бо фасод худ ҳудуди як сол қабл низ гуфта буд, ки бар асоси муроҷиати шаҳрвандон, фаъолияти шаҳрдории Душанбе тафтиш мешавад. Ба гуфтаи масъулини ин ниҳод, ин санҷишҳо дар робита ба аз худ кардани маблағҳои будҷа сурат мегиранд. Масъулони Оҷонсии зидди фасод он замон гуфтанд, бар асоси муроҷиати раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва бархе аз шаҳрвандон, тафтиши ғайринавбатии тасарруфи маблағҳо дар шаҳрдорӣ оғоз гардидааст.

Бар асоси нақша, фаъолияти шаҳрдории Душанбе дар ду сол як бор санҷида мешавад ва тафтиши навбатии фаъолияти шаҳрдории Душанбе бояд моҳи майи соли 2018 гузаронида мешуд.