Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ба хотири гиромидошти ёди кормандони маҷаллаи Шарлӣ Эбдо, ки се сол пеш ҷангҷӯён онҳоро куштанд, дар назди дафтари ин маҷалла гул гузошт.
Маросими хоксоронаи ёдбуд бо дархости аъзои хонаводаи қурбониён сурат гирифтааст. Дар ин маросим, раиси ҷумҳури Фаронсаро хабарнигорони маҷалла, аъзои ҳукумат ва раиси шаҳри Париж ҳамроҳӣ карданд.
Ду исломгарои фаронсавӣ, ки ба гурӯҳи Ал-қоида савгандаи вафодорӣ дода буданд, рӯзи 7-уми январи соли 2015 ба дафтари маҷалла ворид шуда 11 корманди онро куштанд.