Вазирони хориҷии Эрон, Озарбойҷон ва Туркия рӯзи чоршанбе дар Боку мулоқот мекунанд.
Вазорати умури хориҷии Туркия гуфт, ки вазирони Озарбойҷон, Эрон ва Туркия - Элмар Мамадёров, Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Мавлуд Човушоглу мавзӯи ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ мекунанд.
Ба гуфти ин ниҳод, доираи густардаи масоили соҳаи иқтисод, ҳамлу нақл, энерҷӣ ва боҷи гумрукӣ дар маркази таваҷҷуҳи ширкатдорони нишаст қарор мегирад.
Интизор меравад, ки вазирони хориҷи бо намояндагони матбуот низ мулоқот анҷом диҳанд.
Аз соли 2011 ин панҷумин мулоқоти сеҷонибаи вазирони хориҷии Озарбойҷон, Эрон ва Туркия аст.