Путин дар интихоботи президентии соли 2018 иштирок мекунад

Владимир Путин дар Форуми умумирусиягии ихтиёриён

Владимир Путин гуфт, ки дар интихоботи президентии соли 2018 иштирок мекунад ва ин тасмим рӯзҳои наздик эълон мешавад.

Хабари иштироки Путин дар интихобот рӯзи 6 декабар дар маросиме бахшида ба 85-солагии корхонаи "Газ"-и дар Нижний Новгород пахш шуд. "Ҷойи аз ин беҳтар ва мавриди аз ин хубтар барои эълон шояд вуҷуд надорад",- афзуд ӯ.

Дар тӯли соли 2017 борҳо аз Владимир Путин суол шуд, ки оё дар интихобот иштирок мекунад ё не. Аммо ӯ пайваста аз посух фирор мекард. Рӯзи 6 декабр бори дигар ин суол дар "Форуми Умумирусиягии ихтиёриён" матраҳ шуд. Путин дар посух гуфт, ки қарори худро "рӯзҳои наздик" эълон мекунад. Ӯ аз ҳозирон пурсид, ки оё аз номзадияш пуштибонӣ мекунанд? Толор ба ин суол бо кафкӯбӣ посух дод. Путин гуфт, ки ин вокунишро ба назар мегирад.

Владимир Путин 65 сола буда, зимоми қудрати Русияро аз соли 1999 дар даст дорад. Ӯ 13 солро дар мақоми раиси ҷумҳур ва чаҳор солро дар мақоми нахуствазир сипарӣ кардааст.