Арчаи 25-метрӣ дар маркази Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар маркази пойтахт насби арчаи солинавӣ шурӯъ шудааст. Масъулини шаҳрдории Душанбе субҳи 6 декабр гуфтанд, ки арчаи зинда бо баландии 25 метр дар маркази майдони Дӯстӣ ва дар рӯбарӯи муҷасаммаи Исмоили Сомонӣ, асосгузори давлати Сомониён гузошта мешавад.