Шоҳзодаи Британия Ҳаррӣ бо ҳунарманди амрикоӣ Меган Маркл издивоҷ мекунад ва туйи арӯсии ин ҷуфт баҳори соли 2018 баргузор мешавад.
Дар бораи баргузории маросими издивоҷи шоҳзода падари ӯ Чарлз - Шоҳзодаи Уэлс ва меросбари тахти подшоҳии Британия рӯзи 27 ноябр хабар дод.
Ҳаррии 33-сола писари хурдии шоҳзода Чарлз ва шоҳдухтар Диана аст. Диана 31 августи соли 1997 дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуд.