Фирӯза куҷо равад, Гулбибӣ куҷо монад? Тахриби даҳҳо хона дар Душанбе

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Беш аз 50 сокини кӯчаи Шевченко дар маркази шаҳри Душанбе дар ҳавои сарди поиз бо ояндаи норӯшане рӯбарӯ ҳастанд. Деворҳое, ки то дирӯз сарпаноҳашон буд, яке паси дигар фурӯ мерезад. Мисли садҳо хонаи дигар, ки то кунун дар пойтахт тахриб шудаанд.