Раиси ноҳияи Паркенти Узбакистон Неъматулло Абдуллоев дар як ҷаласаи 45-дақиқаии худ раҳбарони корхона ва маҳаллаҳои ноҳияро барои сафарбар кардани теъдоди ками одамон ба пахтачинӣ ва ҳисоботи дурӯғ 126 бор дашноми қабеҳ додааст. Навори аудиоии ин ҷаласа, ки 1-уми ноябр баргузор гаштааст, дастраси Бахши узбакии Радиои Озодӣ шуд.
Муаллифи навор мегӯяд, Абдуллоев дар ҷаласа гуфтааст, ки зидди раис, додситон ва сардори пулиси ноҳияи Бекободи Ӯзбекистон барои ҳисоботи дурӯғ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст ва ин ӯро хеле нигарон кардааст.
"Коллеҷҳо ҳисобот медиҳанд, ки 1,5 тонна пахта супоридаанд, вале дар асл танҳо 700 кило ҷамъоварӣ кардаанд. Дирӯз ту, фоҳиша гуфтӣ, ки 3 тонна пахта супоридед, дар ҳоле ки 700 кило чида будед", - хитоб мекунад раиси ноҳия ба мудири коллеҷ.
"Агар 5 тонна пахта насупоред, олатҳоятонро меканам", - таҳдид мекунад Абдуллоев дар ҷаласа ба раҳбарони чаҳор маҳалла.
Баъдан раиси Паркент ба додситон ва сардори пулиси ноҳия дастур медиҳад, то мошинҳои раҳбарони корхонаҳоеро ҳабс кунанд, ки ба пахтазор теъдоди кофии пахтачин сафарбар накардаанд ва ба додани ҳисоботи дурӯғ машғуланд.
Худи Абдуллоев 126 бор дашном додани иштирокдорони ҷаласаашро дар 45 дақиқа рад кард. "Дар ҳақиқат ман онҳоро барои ироаи ҳисоботи бардурӯғ ҷанҷол кардам. Вале агар касе аз онҳоро таҳқир карда бошам, бигзор маро ба додгоҳ бикашанд", - афзуд ӯ.