Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон гуфт, ки ахиран котиби коллегияи судии додгоҳи шаҳри Душанбе боздошт шудааст. АМИТ «Ховар» рӯзи 13 ноябр хабар дод, ки Баҳром Кенҷаев “бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд «А» барои ба фоидаи охирин ҳал намудани баҳси граждании манзили истиқоматӣ 4000 доллари ИМА талаб намудааст”.
Таърихи содир шудани ҷинояти эҳтимолӣ нашр намешавад. Мақомоти оҷонсӣ гуфтаанд, ки Кенҷаев ҳангоми гирифтани ин маблағ дастгир шуд. Нисбати Баҳром Кенҷаев бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Маълум нест, ки мавқеи худи Кенҷаев дар ин замина чӣ аст ва то куҷо худи ӯ даст ба ҷиноят заданашро эътироф мекунад.
Тобистони соли ҷорӣ додгоҳе дар Тоҷикистон гурӯҳи калони мақомоти собиқи Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро бо ҷурми фасодкорӣ ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон кард. Мурофиаҳои ин масъулон, ки дар байнашон инчунин як муовини собиқи раиси оҷонсӣ ҳам будааст, пушти дарҳои баста ҷарён гирифт.