Хонае дар Ижевск фурӯ рехт ва 3 нафарро кушт. ВИДЕО

Ин хона

Дар натиҷаи фӯру рехтани бахше аз хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Ижевски Русия дасти кам 3 нафар кушта шудаанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС гузориш дод ва навишт, ки 4 нафари дигар дар ин ҳодиса осеб дидаанд.

Қисме аз бинои 9 табақа рӯзи 9-уми ноябр суқут кардааст ва мақомот мегӯянд, мумкин аст, ихроҷи газ сабаби ҳодиса шуда бошад. Як корбари Радиои Озодӣ видеоере аз маҳалли ҳодиса ба мо фиристод, ки нишон медиҳад мошинҳои зиёде дар онҷо кор мекунанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Фурӯ рехтани хонае дар Ижевски Русия