Додгоҳи Белгия рабҳари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон ва чаҳор шарики ӯро бо шартҳои мушаххас аз боздошт раҳо кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 6 ноябр гузориш дод.
Гуфта мешавад, ки мурофиа беш аз 10 соат идома дошт. Пучдемон ва ҳукумати пешини Каталония то баррасии дархости Испания бораи боздошти онҳо дар қаламрави Аврпуо, озод хоҳанд буд.
Хабаргузории Reuters бо такя ба манбаҳои додситонӣ мегӯяд, ки ин панҷ нафар ҳақ надоранд бе иҷозати додгоҳ аз қаламрави Белгия хориҷ шаванд. Онҳо ҳамчунин бояд дар тӯли 15 рӯз ба додгоҳ ҳозир шаванд. Ахиран раҳбари барканоршудаи Каталония Карлес Пучдемон ва тарафдоронаш худро ба пулиси Белгия таслим карданд.