Дар коллеҷи политехникии Маскав ҷасади муаллим ва як донишҷӯ ошкор шуд. Дар ин бора Кумитаи тафтишоти пойтахти Русия рӯзи 1 ноябр хабар дод. Аз рӯи ҳодисаи куштор парвандаи ҷиноӣ боз шуд ва муфаттишон дар ҷойи ҳодиса кор мебаранд.
Нашрияи "Московский Косомолетс" бо такя ба манбаҳои худ навиштааст, ки донишҷӯ муаллимро бо корд куштаст ва сипас худкушӣ кардаст. Сипас талаба дар назди ҷасади муаллим акс бардошт ва онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Ин маълумот то ҳол тасдиқи расмӣ надорад.