Каталониҳои Фаронса омодаанд ба раҳбари каталониҳои Испания Карлес Пучдемон ва шарикони ӯ, дар сурати зарурати фирорашон аз кишвар, паноҳгоҳ диҳанд.
Тарафдорони Пучдемон дар Фаронса барои ӯ ва 200 шарикаш дар марзи Испания хона омода кардаанд. Барои худи Пучдемон вилла бо ҳавзи оббозӣ пешниҳод шудааст.
Дар ин бора Робер Казановас, раҳбари Кумитаи худмухтории Каталонияи Шимолӣ- минтақаи иқомати каталониҳои Фаронса хабар дод.
Қаблан Пучдемон аз каталониҳо даъват кард, ки дар посух ба барномаи Мадрид, оиди ҷорӣ кардани ҳукумати мустақим дар минтақа, даст ба нофармонӣ бизананд. Дар реферундуми рӯзи 1 октябр аксари каталониҳо ба тарафдории истиқлолияти Каталония овоз доданд. Ҳоло баҳсҳои умумии таъсиси ҳукумате дар табъид ҷараён доранд.
Каталониҳои Фаронса барои густариши мухторият талош мекунанд, аммо барои берун шудан аз ҳайъати Фаронса мубориза намебаранд.