Чаро Комроншоҳу ҳамроҳонаш шикасти сахт хӯрданд?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба ҷудо, ки дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт – баргузор шуд, дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрда, аз медалҳо бенасиб монданд. Дар мусобиқа Тоҷикистонро шаш нафар намояндагӣ карданд, вале ҳамаи онҳо ба нокомӣ дучор шуданд.