Дар Туркманистон дар арафаи Бозиҳои осиёӣ барои гурба ва сагҳои бесоҳиб нахустин паноҳгоҳи расмӣ таъсис ёфт. Ин паноҳгоҳ аз тарафи сокинони маҳаллӣ дар наздикии шаҳри Ишқобод ташкил шудааст.
Ба иттилои расонаи "Нейтралный Туркменистан", паноҳгоҳ аз давлат кумак дарёфт карда, мақомот ҳамчунин ваъда додаанд, ки барои тавсеаи он замин ҷудо хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир, дар он ҳудуди 100 саг ва 50 гурба нигаҳдорӣ мешавад.
Ин паноҳгоҳ баъди он таъсис ёфт, ки ҳомиёни ҳуқуқи ҷонварон маъракаи мақомоти Ишқободро барои маҳви сагу гурбаҳои бесоҳиб дар арафаи Бозиҳои осиёӣ сахт маҳкум карданд. Туркманистон ба 5-умин Бозиҳои осиёӣ, ки аз 17 то 27 сентябри соли равон дар пойтахти ин кишвар баргузор хоҳанд шуд, омодагии ҷиддӣ мебинад.
Мақомоти туркман ҳатто фурӯши нӯшокиҳои спиртиро то анҷоми бозиҳо манъ карда, аз маҳбусони пешин талаб намуданд, ки ба маҳалли баргузории чорабиниҳо наздик нашаванд. Кӯча ва хиёбонҳои Ишқобод ҳам аз талбандаҳо "пок" карда шуданд.