Мақомоти Финландия гуфтанд, ки бар асари ҳамла бо корд дар шаҳри ғарбии Турку ду нафар кушта шуд. Ба қавли онҳо, дар ин ҳодиса, ки рӯзи 18-уми август иттифоқ афтод, шаш тани дигар захмӣ гардид.
Пулис гуфт, феълан таҳқиқ дорад, ки оё ин ҳамлаи террористӣ будааст, ё не. Ба қавли пулис, пас аз як тирандозӣ як нафари гумонбар дастгир шудааст ва аз ӯ “марди ҷавони хориҷӣ” ном бурд.
Бархе аз шоҳидон гуфтаанд, ҳамлавар бо забони арабӣ фарёд мезад, вале пулис инро тасдиқ накардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ду кушта ва шаш захмӣ бар асари ҳамла бо корд дар Финландия