Пулиси андози Озарбойҷон идораи хабаргузории "Турон"-ро дар Боку кофтукоб ва як идда санадҳоро мусодира кард.
Афсарони Вазорати молиёт ва ҷилавгирӣ аз ҷиноятҳои марбут ба андоз, рӯзи 16 август ба ба идораи "Турон" омаданд. Дар баробари мусодираи аснод, онҳо ҳамчунин ҷиҳози хусусии кормандонро тафтиш карданд.
Онҳо нагузоштанд, ки ҷараёни кофтукоб наворбардорӣ шавад.
Таҳқиқи иттиҳоми "фирор аз молиёт" алайҳи хабаргузорӣ 7 август оғоз шуд. Тафтишот иддао мекунад, ки аз соли 2014 то 2016 хабаргузорӣ ба маблағи 37 000 манат- баробар ба 21, 500 доллар ба давлат молиёт насупурдааст.
Сардабирони "Турон" иттиҳомро рад мекунанд ва мегӯянд, ки фишор ба хабаргузорӣ ҷамбаи сиёсӣ дорад.
Хабаргузории "Турон" соли 1990 таъсис ёфт. Ин бунгоҳ ба се забон- озарӣ, инглисӣ ва русӣ хабар таҳия мекунад ва бо оҷонсиҳои бйналмилаии пешрафта ҳамкорӣ дорад.