Англия беҳтарин гол дар таърихи Лигаи қаҳрамонҳои кишварро интихоб кард. Голи Деннис Бергкамп дар сабқат бо "Нюкасл", соли 2002 беҳтарин гол интихоб шуд.
Дар ин бози футболбози нидерландӣ бо як ҳаракат тупро вориди дарвоза кард. Бар асоси назарсанҷие, ки дар BBC Sport нашр шуд, ин гол 31 дар сади овозҳоро ба даст овард.
Мақоми дувумро зарбаи бозигари тими "Лидс Юнайтед" Тони Йебов дарсабқат бо "Уимблдон" дар соли 1995 соҳиб шуд
Ҷои севумро голи бозигари "Манчестер Юнайтед" Уэйн Рунӣ дар бозӣ "Манчестер Сити" дар соли 2011 гирифт
Мақоми чаҳорумро голи Ҷек Уилшир ва панҷумро Терри Анри соҳиб шуд.
Лигаи қаҳрамонҳои футболи Англия соли 1992 таъсис ёфт. Ин лига яке аз машҳуртарин мусобиқаҳои варзишии ҷаҳон аст. Ин лига ҳамчунин яке аз даромадноктарин лигаҳои футбол унвон мешавад. Қаҳрамони феълии лига "Челсӣ"-и Лондон аст.