Олмон аз ихроҷи саросарии паноҳандагони афғон даст кашид

Олмон -мусофирбаре паноҳандагони афғонро барои депртатсия ба фурӯдгоҳ мебарад. 22 феврали соли 2017

Мақомоти Олмон ихроҷи саросарии паноҳандагони афғонро манъ карданд. Дар ин бора матбуоти Олмон рӯзи 9 август хабар дод. Вазорати умури хориҷӣ арзёбиашро дар робита ба вазъи амниятии Афғонистон дигар кард ва ин кишварро аз рӯйхати давлатҳои амн берун овард.

То имрӯз ҳукумати Олмон вазъи амниятии Афғонистонро қаноатбахш мешумурд. Дар рӯйхати кишварҳои "амн" ҳамчунин Албания, Македония, Черногория, ва Сербия шомил шудаанд. Паноҳҷӯёни ин давлатҳоро Олмон ба ватанашон баргардонд.

Ҳукумати Олмон барнома дошт, ки ҳудуди 10 ҳазор паноҳандаи афғонро депорт кунад. Ин қарор моҳи нобяри соли гузашта қабул шуд. Баъди амалҳои террористии Кобул, моҳи майи соли ҷорӣ, ки 80 нафарро кушта ба ҷой гузоштОлмон баҳои худро ба вазъи амнияти Афғонистон бознигарӣ кард.

Соли 2016 Олмон 27 паноҳҷӯи афғонро ба ватанашон бозгардонд. Соли равон ин рақам ҳамагӣ 9 нафар буд. Ҳоло дар қаламрави Олмон ҳудуди 250 ҳазор паноҳандаи афғон ҳузур дорад.