Маҳдӣ Каррубӣ дубора ба бемористон интиқол ёфт

Фотима Каррубӣ -- ҳамсари Маҳдӣ Каррубӣ, аз раҳбарони муътаризон ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2009 дар Эрон, ба хабаргузории ИЛНА гуфтааст, ки шавҳараш ба бахши муроқибатҳои вижа, интиқол дода шудааст. Хонум Каррубӣ гуфтааст, ки табибон ҳанӯз ҷарроҳи қалбро салоҳ надонистанд ва ӯ дар ҳоли ҳозир дар паҳлӯи ҳамсараш дар бахши муроқибатҳои вижа аст. Маҳдӣ Каррубӣ ҳафтаи гузашта ҳам бинобар поин будани зарбаҳои қалб, дар бемористони қалби Теҳрон бистарӣ шуда буд. Ин раҳбари муътаризон ба натиҷаҳои интихоботи президентии соли 2009, пас аз он ба ҷое, ки дар он дар ҳабси хонагӣ ба сар мебарад, бозгардонида шуда буд.

Хонаводаи ӯ дар як нома хабар дода буданд, ки раванди табобати ӯ нимакора раҳо шуда ва ӯ рӯзи ҷумъа дубора бо бемории қалб рӯбарӯ шудааст. Оқои Каррубӣ пас аз зӯҳри якшанбеи 30-юми июл дубора ба бемористон мунтақил шуд. Хонаводаи оқои Каррубӣ дар баёнияе аз халалдор кардани раванди муолиҷаи Маҳдӣ Каррубӣ аз сӯи вазорати амнияти он кишвар, интиқод карданд. Вазорати амнияти он кишвар ба ин баёния то ба ҳол вокунише накардааст. Маҳдӣ Каррубӣ, Мирҳусейни Мусавӣ ва Заҳро Раҳнавард, раҳбарони мӯътаризон ба натиҷаҳои интихоботи соли 2009, аз соли 2010 ба ин тараф дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд.