Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, бо вуҷуди он, ки бо қарори ҳукумат Балҷувон ҳамчун минтақаи сайёҳии байналмилалӣ эълон шудааст, аммо дар ин замина то ба ҳол корҳои назаррсе анҷом нашудааст. Ин матлабро Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27-уми июл зимни сафари худ ба ин ноҳияи кӯҳистонӣ баён дошт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин минтақа барои ташкил кардани туризми кӯҳнавардӣ, шикор ва сайёҳии фарҳангиву экологӣ ҳама имкониятҳо вуҷуд доранд. Оқои Раҳмон ба мақомоти маҳаллӣ дастур додааст, то дар ҳамоҳангӣ бо Кумитаи навтаъсиси рушди сайёҳӣ барои фароҳам овардани шароит барои чаҳонгардон ва ҷалби бештари сайёҳон, талош кунанд.