Рӯзи 24 июл, дар толори "Zero Line Gallery"-и Тошканд намоишгоҳи дурӯзаи филмсоз ва аккоси маъруф Умеда Аҳмадова кушода шуд, ки аз дигарнадешони шинохтаи Узбакистон буда, то ҳол аз ҳақи баргузор кардани намоишгоҳ дар ин кишвар маҳрум буд.
"Мехоҳам, ки корҳои маро узбакистониҳо, махсусан ҷавонон бинанд ва танҳо бо аксҳои маснуъӣ қаноат накунанд. Акс ва санъати наворгирӣ - ин ҳунари муосир аст!", - гуфт Умида Ахмедова.
Умеда Аҳмадова, барандаи чанд озмуни бонуфуз аст, ки бо пиёда кардани тарҳҳое бо номи "Занону мардон: аз тулӯъ то ғуруб"ва "Ҳазёни бокирагӣ" маъруф шуд.
Соли 2010 Умеда Аҳмадова аз сӯи мақомот ба таҳқир ва туҳмати узбакҳо айбор шуд. Баъди маҷмуаи аксҳои "Занону мардон: аз тулӯъ то ғуруб", мақомоти соли 2009 алайҳи Аҳамадова парвандаи ҷиноятӣ боз карданд.
Аммо баъдтар Умеда Аҳмадова афв шуд.
Соли гузашта баъди марги президенти худкомаи Узбакистон Ислом Каримов, рабҳари нав Шавкат Мирзиёев сиёсати нармтарро ба роҳ монд ва эҷодкороне, ки ба таҳаввулоту тамоюлҳои зиндагӣ нигоҳи суннатӣ надоранд, низ барои намоиши ҳунари худ имкон пайдо карданд.