Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, маъмурияти Доналд Трампро ба ин муттаҳам кард, ки сарфи назар аз тааҳуди Эрон дар баробари созишномаи ҳастаӣ, бо эълони таҳримҳои нав талош дорад, “муҳитро заҳролуд” кунад.
Маъмурияти Трамп рӯзи 18-уми июл алайҳи шахсони алоҳида ва муассисаҳои марбут ба барномаи мушакҳои болдори Эрон ва фаъолиятҳои низомии дигар таҳрим ҷорӣ кард. Ин эълон дар ҳоле садо дод, ки як рӯз пеш Вашингтон риояи созишномаи ҳастаӣ аз тарафи Эронро тасдиқ кард.
Зариф рӯзи гузашта дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, “мутаассифона, чунин рафтори маъмурият як одати бад шудааст” ва афзуд, “ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ҳамаро мефаҳмад ва ҳамкорӣ бо Эронро идома медиҳад”.
Кохи Сафед эътироф кард, ки Эрон созишиномаи ҳастаиро риоя мекунад. Аммо ҳамзамон Теҳронро муттаҳам намуд, бо озмоиши мушакҳое, ки ба гуфтаи Вашингтон тавони бурдани кӯлоҳакҳои ҳастаиро доранд, “рӯҳияи созиш”-ро нақз кардааст.
Муҳаммадҷавод Зариф таҳримҳои ахирро “ғайриқонунӣ” номид. Ӯ ба шабакаи телевизионии CBS News гуфт, ин Амрико аст, ки “рӯҳияи созишро нақз кардааст”.
Қарорди ҳастаӣ, ки соли 2015 дар байни Эрон ва қудратҳои ғарбӣ имзо шуд, лағви таҳримҳо ба ивази даст кашидани Теҳрон аз барномаҳои ҳастаиро кафолат додааст.