Раиси ҷумҳури Украина Петро Порошенко ва Гурҷистон Георгий Маргелашвилӣ, рӯзи сешанбе қарор карданд, ки барои дастёбӣ ба узвияти кишварҳояшон дар НАТО ва Иттиҳоди Аврпуо мушатаракан амал кунанд. Хабаргузории Франс-пресс мегӯяд, ҳарду кишвари собиқ Шӯравӣ, ки ҷудоихоҳони маскавгаро даргир шудаанд, мехоҳанд аз зери чатри Кремлин берун раванд ва ба самти ғарбгароӣ ҳаракат кунанд.
Раиси ҷуҳмури Украина гуфт, ки истиқлолияти ҳарду кишвар ба таҳдидҳои ҳамсон рӯ ба рӯ аст ва аз ин рӯ онҳо барои узвияти НАТО ва Иттиҳоди Аврупо қадамҳои худро ҳамоҳанг мекунанд.
Ҳукумати марказии Украина се сол боз бо ҷудоиталабони Шарқи кишвар, ки Русия аз онҳо пуштибонӣ мекунад, вориди даргирӣ аст. Ин низоъ то ҳол 10 ҳазор инсонро қурбон кардааст.
Тобистони соли 2008 Русия ба хоки Гурҷистон даромад ва истиқлолияти ду минтақаи ҷудоихоҳ - Абхозистон ва Осетия Ҷанубиро эътироф кард.
Украина ва Гурҷистон ҳадафи дарозмуддати худро ҳамроҳ шудан ба НАТО ва Иттиҳоди Аврпуо эълон кардаанд.