Эрдуғон дар солгарди кудато бори дигар аз ҳукми қатл гуфт

Раҷаб Таййиб Эрдуғон

Раҷаб Таййиб Эрдуғон дар нахустин солгарди кудето ё табадуллоти нофарҷом дар Туркия гуфт, бо касоне, ки ба қавли ӯ “хиёнат кардаанд”, ба шиддат бархӯрд хоҳад шуд. Солгарди табаддулоти нофарҷом рӯзи 15-уми июли имсол дар шаҳрҳои мухталифи Туркия баргузор шуда, ҳазорон нафар аз мардум дар роҳпаймоиҳои марбут ба он иштирок карданд. Туркия ин рӯзро таътили расмӣ эълон карда ва номашро “рӯзи демократия ва ҳамбастагӣ” номидааст.

Оқои Эрдуғон рӯзи шанбе дар нишасти вижае дар порлумони он кишвар иштирок карда, сипас ба роҳпаймоӣ дар Истанбул пайваст. Ӯ баъдан ба Анкара, пойтахти Туркия рафт, то дар соатҳои аввали рӯзи якшанбе дар маросиме дар қасри раёсати ҷумҳурӣ иштирок кунад.

Раиси ҷумҳури Туркия дар ҷамъи ҳазорон нафар аз касоне, ки дар атрофи гулӯгоҳ ва пули Босфор ҷамъ шуда буданд, бори дигар таъкид кард, ки давлати ӯ мумкин аст, иҷрои ҳумки эъдом ё қатлро баргардонад. Раҷаб Таййиб Эрдуғон гуфт, “нахуст сари онҳоеро, ки хиёнат кардаанд, аз тан ҷудо мекунем”.

Табаддулоти нофарҷом дар Туркия шаби 15-уми июли соли 2016 ба вуқӯъ пайваст ва дар натиҷаи он дастикам 269 нафар ҷони худро аз даст доданд. Пас аз кудето даҳҳо ҳазор нафар боздошт ва аз кор барканор шуда, бисёре аз расонаҳо низ баста гардиданд. Тайи як соли гузашта дар Туркия вазъияти фавқулода ҷорӣ аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳангоми суханронии шаби 15 ба 16-уми июл дар Анкара гуфт, ки талоши табаддулот натавонист, кишвари ӯро ба зону бинишонад. Ӯ гуфт, “Шумо муваффақ нашудед. Шумо наметавонед, ки миллати моро тақсим кунед. Наметавонед, ки парчами моро бигиред. Шумо дар шароите нестед, ки замини моро ҷудо кунед. Шумо наметавонед, давлати моро бигиред. Шумо наметавонед, садои намозро хомӯш кунед, кишвари моро ба зону бинишонед. Шумо наметавонед моро аз роҳамон дур андозед.”

Дар остонаи солгарди кудатои нофарҷом низ мақомоти Туркия эълон кард, ки ҳафт ҳазор нафари дигар аз нирӯҳои пулису артиш ва кормандони ниҳоди давлатиро аз кор хориҷ намуд.

Туркия дар ошӯби моҳи июли соли гузашта Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии турки муқими Амрикоро муттаҳам дониста, борҳо истирдоди ӯро дархост кардааст. Гулен рӯзи 14-уми июли имсол бори дигар даст доштанаш дар ин ҳодисаро рад кард ва аз Анкара хост, ки аз таъқиби пайравонаш даст бардорад.