Тиллерсон дар Киев бо Порошенко мулоқот мекунад

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико

Рекс Тиллерсон, вазири умури хориҷии Амрико

Рекс Тиллерсон – вазири умури хориҷии Амрико – дар ҷараёни сафараш ба Украина бо раиси ҷумҳури он кишвар Петр Порошенко мулоқот хоҳад кард. Ин сафари Тиллерсон рӯзи 9-уми июл, баъди иштирокаш дар нишасти раҳбарони Гурӯҳи 20 ва аввалин мулоқоти рӯбарӯ миёни Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ва ҳамтои русаш Владимир Путин, ба Киев сурат мегирад.

Дар ҳоле ки оқои Трамп дидор бо Путинро фавқулода хонд, аммо маъмурияти ӯ таҳримҳои зидди Маскавро ба далели тасарруфи нимҷазаираи Қрим ва ҳимоят аз ҷудоиталабон дар шарқи Украина нигоҳ доштааст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико ҳафтаи гузашта гуфта буд, ки Рекс Тиллерсон дар ҷараёни ин сафар ба тааҳуди кишвараш ба ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии Украина таъкид намуда, аз Киев хоҳад хост, ки ба вуруди ислоҳот барои тақвияти тавоноиҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва низомӣ идома диҳад.