Вазорати иқтисодии миллии Қазоқистон хабар дод, ки шумораи аҳолии он кишвар ба 18 миллион расид. Бино бар иттилои ин ниҳод, шаҳрванди 18-миллионуми он кишвар рӯзи 11-уми май дар шаҳри Талдикоргани вилояти Алмаато ба дунё омадааст. Муслима Самат қизӣ, ки дар хонаводаи Диана Омарханова ва Самат Бестибоев фарзанди дувум аст, ҳамчун шаҳрванди 18-миллионуми Қазоқистон эътироф шудааст. Бори охир дар Қазоқистон соли 2009 шумориши аҳолӣ анҷом шуда буд. Он сол шумори сокинони Қазоқистон каме бештар аз 16 миллион арзёбӣ гардида буд.