Вазирони умури хориҷии Фаронса, Олмон ва Итолиё рӯзи 2-уми июн дар шаҳри Порис, масъалаи кӯмак ба Итолиёро баррасӣ мекунанд, ки ба мавҷи афзояндаи муҳоҷирон рӯ ба рӯ шудааст.
Моҳҳои ахир теъдоди муҳоҷироне, ки ба бандарҳои Итолиё ворид мешаванд, меафзояд. Итолиё таҳдид кардааст, ки дар сурати идомаи вазъ киштиҳои имдодии Созмони Милалро, ки ба муҳоҷирон аз Либия кӯмак мерасонанд, ба бандарҳояш роҳ намедиҳад.
Филлипо Гранди, раиси Кумиссариати Созмони Милал дар умури паноҳандагон рӯзи 1-уми июл гуфт, “ончӣ ки дар пеши чашми мо дар Итолиё сурат мегирад, фоҷиа аст”. Ӯ хост, ки ҷомеаи байналмилал барои расидагӣ ба бӯҳрони паноҳҷӯён ба Итолиё кӯмак кунад. Вақтҳои ахир ба Итолиё бештар аз 12 ҳазор паноҳҷӯ ворид шудаанд ва аксари онҳо аз Либия будаанд.