Додгоҳе дар шаҳри Бишкек рӯзи 27 июн се нафарро дар таркиши сафорати Чин дар Бишкек гунаҳгор эълон кард. Ҳикматилло Абдуллоҷонов ва Куназим Мансирова ба 10 ва Ҳасомидин Исмоилов ба 18 соли зиндони низомаш сангин маҳкум шуданд. Моликияти онҳо низ ба фоидаи давлат мусодира шуд.
Вале вакилони дифои маҳкумшудаҳо бо ин қарор розӣ нестанд ва мегӯянд, ки додгоҳ натавонист далелҳои шайъии гунаҳгории ин нафаронро пешкаш кунад. Маҳкумшудаҳо аз болои ҳукми додгоҳи ноҳияи Первомайский ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят хоҳанд кард. Вале Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки ҳамлаи маргафкане савори мошин ба сафорати Чинро созмони террористии «Ҷабҳат ан-Нусра» фармоиш додааст. Дар паи ин ҳамла се корманди сафорати Чин ҷароҳат бардошта қисми зиёди сохтмони сафорат осеб дид.