Домана дубора дар Бохтар сар бардошт ва панҷ нафарро аз пой афканд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар пайи хуруҷи бемории домана дар хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ҷамоати “Бохтариён”-и ноҳияи Бохтар 5 зану кӯдак бистарӣ шуданд. Бо тасмими мақомоти беҳдоштӣ, пизишкон хона ба хона гашта, сокинонро аз назари эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ ташхис мекунанд.