Мирзиёев тундгароёни "сарсахт"- ро аз шаҳрвандӣ маҳрум мекунад

Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев

Раиси ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев мегӯяд шарвандоне, ки ба гурӯҳ ва равияҳои ифротии динӣ мепайванданд, бояд аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум шаванд. Ин мавзӯъро ӯ рӯзи 3 июн дар ҷаласаи ҳукумати ноҳияи Андиҷон ба миён гузошт.

«Барои намуна, агар аз як маҳалла 20-30 нафар раҳгум зада бошанд, панҷ нафар аз 20 тан ба бадтарин роҳ рафтаанд ва дигар барнамегарданд. Бо онҳо сару кор доштан кори бефоида аст, онҳоро бояд аз ҳаққи шаҳрвандӣ маҳрум кард. Даркор нестанд. Ман омодаам, онҳоро аз ин ҳақ маҳрум кунам,» - гуфт ӯ.

Мирзиёев дар паёмаш аз имомҳо ва намояндагони ҳукумат даъват кард, ки феҳристи «тундравони сарсахт» - ро пешниҳод кунанд. Ӯ гуфт, ки раҳгумзадагонро бояд ба ифоқа овард, вале на онҳоеро, ки ба намояндагони «сарсахт» - и чунин гурӯҳҳо табдил ёфтаанд.

Бино ба хабарҳо, садҳо нафар аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар сафи гурӯҳҳои гуногуни ифротӣ дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон меҷанганд.